04 Июнь 2025
Воҳидҳои сохтории мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
1. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;
2. Мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;
3. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
4. Мутахассиси пешбар андозчи Ҷамоати деҳоти Ҷоми - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;
5. Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарби Ҷамоати деҳоти Ҷоми - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;
6. Мутахассис оид ба корҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ;
7. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Равшан - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;
8. Сармутахассис-сармуҳосиби (оморчи) Ҷамоати деҳоти Равшан - 1902,40 сомонӣ;
9. Сармутахассис муҳандиси заминсози Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;
10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1902,40 сомонӣ;
11. Мутахассиси пешбар андозчии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;
12. Мутахассис оид ба корҳои ободонии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218,00 сомонӣ
13. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Зафаробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;
14. Сармутахассис, муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ;
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ва ё миёнаи касбӣ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1
пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
ноҳияи Зафаробод, кўчаи Исмоили Сомонӣ №37, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, телефон: (8-34-52) 5-21-98, 92 874-36-01
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.